Ҳамоҳангсози миллии Чин оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Хайчжоу, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардид.
Мудири шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ
бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос гардида, таассуроти нек бардоштанд.
Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Хайчжоу аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






