«Амонатбонк» ба 31 ҳазор муштарӣ 926 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз пешниҳоди 926 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ ба 31 ҳазор муштарӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ дар соли 2024 иттилоъ медиҳад.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз қарзҳои ба муштариён пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» имсол 8,9 фоиз ба соҳаи саноат, 29 фоиз ба кишоварзӣ, 41,9 фоиз ба соҳаи истеъмолӣ, 4,5 фоиз ба сохтмон, 14,4 фоиз ба тиҷорат, 0,3 фоиз ба нақлиёт ва 1 фоиз ба соҳаи хизматрасонӣ рост меояд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки «Амонатбонк» иқдоми қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2024», «Кишоварз», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ», инчунин «Қарзҳои ипотекӣ» амалӣ намудааст.
Бонк сиёсати қарздиҳиро таҷдид намуда, барои соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам овардааст. Аз ҷумла, фоизи қарзҳо ба соҳаи сохтмон 20 фоиз (4 банди фоизӣ), ба соҳаҳои саноат- 18 фоиз, кишоварзӣ- 19 фоиз, тиҷорат- 22 фоиз ва қарзҳои ипотекӣ: харид ва сохтмони манзил 18 фоиз ва харидории амволи бонк 14 фоиз (2 банди фоизӣ) ва қарзҳои овердрафтӣ 20 фоиз (1 банди фоизӣ) паст карда шуд.
Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои «Амонатбонк» ба муштариён дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 7 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шуд.
Сандуқи қарзии «Амонатбонк» 2,4 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 68 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 21% афзудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






