ҲАНГОМИ ШАМОЛИ САХТ ВА СЕЛ ЧӢ БОЯД КАРД? Чанд тавсия вобаста ба ҳолатҳои фавқулода пешниҳод мегардад

Август 4, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳаёти инсон баъзан ҳолатҳои фавқулода пеш меоянд. Масалан, яке дар лифт дар мемонад, дигаре қоидаҳои рафторро ҳангоми шамоли сахт ва боронҳои шадид намедонад, сеюмин ҳангоми ногаҳон омадани сел чӣ кор карданро надониста, ба таҳлука меафтад. Мухбири АМИТ «Ховар» вобаста ба он ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода чӣ гуна бояд рафтор кард, мавод ҷамъоварӣ намуд.

Ҳангоми дар лифт дар мондан

Сараввал аз воҳима канорагирӣ кунед. Пеш аз ҳама, натарсед ва ба воҳима наафтед. Тугмаҳои либоси гармро кушоед ва кӯшиш кунед, ки муътадил нафас кашед. Ин ба шумо кумак мекунад, ки ором шуда, оксигенро сарфа кунед, зеро маълум нест, ки чӣ қадар вақт ёриро интизор мешавед. Ба танзимгар ба тамос бароед ва дар бораи мушкилӣ ба ӯ хабар диҳед. Дар лавҳаи идоракунии лифт тугмача  бо аломати занг  мавҷуд аст. Онро пахш намоед. Агар танзимгар бо сабабҳои техникӣ ҷавоб надиҳад, шумо бояд хадамоти таъҷилиро даъват намоед. Рақамҳои телефони он одатан дар лифт ва дар даромадгоҳи лифт ҷойгир карда мешавад. Хуб аст, агар шумо он рақамҳоро аз худ кунед ё ба рӯйхати тамосҳои телефонатон илова намоед.

Ҳангоми оташ гирифтани либос чӣ бояд кард?

 Ҳангоми оташ гирифтани либос агар имкон бошад, либосҳои оташгирифтаро аз худ дур кунед ё кӯшиш кунед, ки оташро хомӯш созед. Қисми сӯхтаи баданатонро кам ҳаракат диҳед. Агар дар наздикӣ кӯлмак ё барф бошад, дарҳол худро ба он ҷо партоед  ва то хомӯш шудани оташ аз обу барф истифода намоед. Сӯхторро бо истифода аз матои ғафс, об ва  барф хомӯш кунед. Ба шахси гирифтори ин ҳолат кумаки  аввалин расонида, ёрии таъҷилиро даъват кунед.

Ҳангоми ногаҳон омадани сел

  Ҳангоми ногаҳон омадани сел аз ошёнаҳои поёнӣ ба ошёнаҳои болоӣ бароед. Мустақилона тарк намудани ҷойи баланд дар  мавзеи зери об монда танҳо дар мавридҳои зарурати расондани ёрии тиббӣ ба зарардидагон ё хавфи ғарқшавӣ  мумкин аст. Ҳангоми дар об мондан либос ва пойафзоли вазнинро кашед. Барои дар рӯи сатҳи об мондан чархҳои мошин ва тасмаҳои наҷотбахшро истифода баред. Ҳангоме, ки  дар об дар мемонед, нафаси чуқур кашед, ашёи аввалини зери дастатон омадаро доред  ва бо ҷараён шино карда, оромиро нигоҳ доред. Ба шахси ғарқшаванда кумак расонед, ба ӯ ашёи шинокунанда партоед.

Қоидаҳои рафтор ҳангоми шамоли сахт

Агар шамоли сахт шуморо дар бино фаро гирад, тамоми бодхонҳо ва  тирезаҳоро маҳкам кунед ва тафтиш кунед, ки онҳо боэътимод баста шудаанд. Аз тирезаҳо дур шавед ва дар назди деворҳои бинои дохилӣ, ҳаммом, ҳоҷатхона, зери миз ҷои амн ишғол намоед. Қувваи барқ, газ ва қубури обро  хомӯш кунед. Шумо бояд аввал оби нӯшокӣ, ғизо барои  5-7 соат, шамъ ё дигар манбаъҳои рӯшноӣ ва гармиро захира кунед. Агар имконпазир бошад, шумо метавонед аз манбаи неруафзои барқи автономӣ  истифода баред, аммо онро фаъол накунед. Дар вақти раъду барқ ҳамаи манбаи қувваи барқро хомӯш кунед. Агар офат аллакай гузашта бошад, пас барои расонидани ёрии аввалин ба эҳтиёҷмандон бояд тадбир андешид. Агар ҳуҷра  ё хонаи шумо зарари ҷиддӣ дида бошад, пас ба ҷамъоварии ашёи зарурӣ шуруъ кунед. Ҳуҷҷатҳо, сару либос, чизҳои аз ҳама заруру қиматбаҳо, маҳсулоти хӯрокаи чандрӯза, оби нӯшокӣ, доруворӣ, фонус ва қабулкунак бо неруафзоро (батарея) ҷамъ кунед. Аз  наздикшавӣ ба иншооти гуногун, пулҳо, гузаргоҳҳо, қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, обанборҳо, иншооти истеҳсолии эҳтимол хатарнок ва дарахтони хавфашон баланд худдорӣ намоед. Агар шумо дар мошин бошед, пас бозистед ва бо пӯшидани тамоми тирезаҳо дар он бимонед. Пас аз офати табиӣ оромиро нигоҳ доред, кӯдакон ва онҳоеро, ки дар натиҷаи офат  осеби равонӣ дидаанд, ором кунед ва вазъиятро арзёбӣ намоед. Аз рӯи имкон ба осебдидагон кумак расонед, барои ниёзмандон ёрии таъҷилӣ даъват кунед, дар ҳолати зарурӣ ба хадамоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар диҳед.

Амалҳо ҳангоми ғарқ шудани одам

Агар шумо бинед, ки одам ғарқ мешавад, ҷабрдидаро бехатар аз об берун оред ва ёрии таъҷилӣ ё наҷотдиҳандагонро даъват кунед. Ҳангоме  шахси дар об  ғарқшавандаро мебинед, дарҳол бифаҳмед, ки оё дар зери даст чизе доред то  онро ба ҷабрдида ҳавола диҳед. Агар маълум шавад, ки ҳеҷ чиз мувофиқ нест, бояд аввалан ба ӯ бо доду фарёд ҷуръат бахшида, ба назди ҷабрдида шино кунед. Вақте ки шумо ба сӯйи ғарқшуда шино кардед, бояд ба зери ӯ ғутта зада, ӯро аз қафо дошта, ба соҳил бароред. Ҷабрдидае, ки аз нарасидани оксиген аз ҳуш рафтааст, метавонад шуморо дошта, бо худ зери об кашад. Дар ин ҳолат ба шумо зарур  аст, ки фавран зери об ғутта занед. Агар шахс аллакай дар об ғарқ шуда бошад, кӯшиш кунед аз об берун бароред, даҳон ва бинии ӯро тафтиш кунед: эҳтимол онҳо бо лой ё қум баста бошанд, онҳоро бо ангуштон тоза кунеед ва сари ҷабрдидаро ба паҳлу гардонед. Ӯро бо шикам ба болои зону гузошта (сар рӯ ба поён) гузошта, ба тахтапушт сахт зер карда, обро аз меъда ва роҳҳои нафаскашӣ холӣ кунед. Ҳамаи ин бояд зуд анҷом дода шавад ва сипас ҷабрдидаро ба пушт гардонед ва нафасдиҳии сунъиро оғоз кунед. Ба кӯдакон ва навзодон пурра ҳаво додан мумкин нест, то ки боиси даридани шуш нагардад ва бо як каф (кӯдакон) ё ду ангушт (тифлон)-ро фишор додан зарур аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 4, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Дар Давҳа масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат баррасӣ шуд
Дар Душанбе форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд