Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 сол қабл, 30 августи соли 2011 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлуи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати мамлакат ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр (қаблан Ҷумҳурии Озарбойҷон бо доштани парчами 162- метра бо унвони баландтарин парчам дар ҷаҳон сабт шуда буд) бардошта шуд.
Баландии худи парчам 30 метр ва паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» бунёд ёфта, имрӯзҳо майдони атрофи он бо ҳавзҳо ва гулу гулгаштҳои зебою дилнишин ба мавзеи писандида, сайру тамошо ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки дар маросими ифтитоҳ намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес», ки милаи Парчами миллии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин флагштоки дунё сабт кардааст, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард.
Ҳоло Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз ҷумлаи давлатҳое ҳастанд, ки дорои дарозтарин парчам дар ҷаҳон мебошанд. Парчами Арабистони Саудӣ (Ҷидда)-170 м, Ҷумҳурии Тоҷикистон- 165, Озарбойҷон-162, Кореяи Шимолӣ-160, Туркманистон-133, Урдун-130, Покистон-127, Амороти Муттаҳидаи Араб (Абузабӣ)-122, ИМА-122 метр баландӣ дорад.
Сарвари давлат зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани ин иншоот иброз доштанд, ки «ифтитоҳи ин муҷассамаи нангу номуси миллӣ дар арафаи иди бошукуҳи 20 – солагии истиқлолияти мамлакатамон барои мардуми шарафманди Тоҷикистон туҳфаи арзишманду гаронбаҳо маҳсуб мешавад. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруд ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд».
Пешвои миллат баён доштанд, ки баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид шуда, бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлол саъю талоши бештар мекунанд. «Ба ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат дар ин суханронӣ.
Бояд гуфт, ки дар паҳлуи рости Қасри миллат Нишони давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр мебошад. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ дар арафаи ҷашни 20 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлуи Қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии мамлакат дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза бахшидаанд.
Ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе Қасри миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишинашон дохил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.
Дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шудааст, чунин омадааст: «Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад».
Чанд моҳ қабл аз санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида гузашт. Ба озмун беш аз 200 лоиҳа пешниҳод гардиданд, ки ҳар лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ матои серанга (матоъ бо се тасмаи ранга) буданд, ки ҳар ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх — озодӣ, сафед — оромӣ, сабз — ободии давлат ва миллатро ифода мекард.
Ниҳоят, Комиссияи давлатӣ бо интихоби лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби З.Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н.Игнатушина ва М.Сайдалиев пешниҳод шуда буд, ба кори худ нуқта гузошт. Шуруи ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз