Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 1450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти дарёфти бозорҳои содиротӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ бо 32 намояндагии ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус 2 август директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар пиёз, олу, лаблабу ва қаламфури булғорӣ содирот гардида, барои дар оянда афзун намудани иқтидори содиротӣ ҳамкорӣ бо дигар ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи мамлкат тақвият бахшида мешавад.
«Аз ҷониби Агентии содирот тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо ширкатҳои қазоқистонии «Казтрейд» ва «Касум Групп», ширкатҳои Федератсияи Русия «МаксиФрут», «Гранд-Трейд», «Меридиан» ва ширкатҳои Беларус «Просторитейл» ва «Евроторг» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар маҷмуъ 1446 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1095 тонна пиёз, 275 тонна олу, 40 тонна лаблабу, 18,5 тонна шафтолу ва 17,5 тонна қаламфури булғорӣ содирот карда шуд.
«Тибқи дархости шарикони тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 тонна ангур, 400 тонна олуи сиёҳ, 300 тонна маҳсулоти полезӣ (тарбуз, харбуза) ва 300 тонна хурмо ба хориҷи кишвар содирот намоем. Оид ба содироти як тонна асал бо Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтушунид идома дошта, намунаи асали табиӣ ирсол гардид ва тибқи хулосаи ниҳоии он ҷониб асал содирот мешавад»,-гуфт директори Агентии содирот.
Дар ин давра аз ҷониби Агентии содирот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд машварати омӯзишӣ оид ба ташкили мактаби содирот баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории машварати омӯзишӣ омода намудани мутахассисони самти содирот дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷалби соҳибкорон ба омӯзиши тарзу усулҳои муосири рушди содирот мебошад. Дар доираи барномаи мактаби содирот нахуст бо ҷалби мутахассисони варзида лоиҳаи пилотии дастурамал оид ба ташкили тренингҳо дар самти содирот омода шуда, ба таври назариявӣ омӯзонида шуд. Инчунин ба иштирокчиён, аз ҷумла ба ширкатҳои ватанӣ сертификатҳои омӯзишӣ тақдим шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






