Бартарафсозии пайомадҳои харобиовари сел дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба таври шабонарӯзӣ идома дорад
ХОРУҒ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 4 август дар ин деҳа сел омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад, дар рӯзи нахустини сар задани офати табиӣ вазъияти баамаломада таҳти таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, фавран гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери роҳбарии раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба ҷои ҳодиса ҷалб шуда, корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ оғоз гардиданд. Худи ҳамон рӯз ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд ва корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ ва расонидани кумак ба оилаҳои зарардида оғоз шуданд.
Бояд гуфт, ки сокинони деҳа бо хӯроки гарм ва шароити хуби зиндагонӣ таъмин гардида, ҳар яки онҳо ба Сарвари давлат барои сари вақт расонидани кумакҳои моддию маънавӣ арзи сипос намуданд.
Ҳодисаи офати табиӣ дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим 4 август, тахминан соати 17:30 дар натиҷаи якбора баланд шудани оби рӯдхонаи деҳа рух дод.
Сокини деҳаи Зугванд Файзулло Каримов гуфт, ки «сел рӯзона ҷорӣ шуд ва мардум сари вақт бе ягон талафот ба макони амн кӯчонида шуданд. Гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ аз соатҳои аввали ин офат ба кумаки мо расиданд ва ҳанӯз ҳам шабу рӯз дар канори мо ҳастанд. Аз Пешвои миллат сипосгузорем, ки бо роҳбарияти вилояту ноҳия тамос мегиранд, аз мушкилоти мо пурсон мешаванд ва барои ҳалли ин мушкилот ба ниҳодҳои марбута дастуру супоришҳо медиҳанд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки сел дар пай талафоти ҷонӣ надошт, дигар ҳама чиз батадриҷ ба ҳолати аввала баргардонида мешавад».
Дар деҳаи Зугванд 111 хоҷагӣ ва 968 нафар истиқомат мекунанд. Масоҳати замини кишт 33 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин 14 гектар замини наздиҳавлигии сокинон деҳа буда, 8 гектар замини зери кишти картошка аст, ки ҳамагӣ зери сел монд.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки рӯзи чорум аст аъзои ситоди доимии вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят ба таври шабонарӯзӣ вазъиятро дар ҷои ҳодиса таҳти назорат гирифта, талош доранд, ки дар зудтарин фурсат оқибатҳои офатҳои табииро бартараф карда, ба бунёди манзилҳо барои зарардидагон оғоз намоянд.
Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия буда, дорои 5 деҳа, 6 ҳазор нафар аҳолӣ ва 600 хоҷагӣ мебошад. Деҳаи Зугванд яке аз деҳаҳои дурдасти ин ҷамоат ба шумор меравад. Деҳа дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 800 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд






