Беш аз 44 ҳазор сайёҳ бо мавзеъҳои зебои ноҳияи Муъминобод шинос гардид

Август 19, 2024 16:40

МУЪМИНОБОД, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли 2024 бо мавзеъҳои ноҳияи Муъминобод 44 ҳазору 98 сайёҳ шинос шуд, ки аз ин шумора 43 ҳазору 629 нафар сайёҳи дохилӣ ва 469 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошанд. Дар ин давра сайёҳони дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои нодири ноҳия, махсусан мавзеи Чилдухтарон шинос шуданд.

Тавре Раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, шумораи сайёҳон дар ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардидааст. Барои боз ҳам тараққӣ додани соҳа аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ҳоло дар ноҳияи Муъминобод 4 харитаи сайёҳӣ, 14 мавзеи сайёҳӣ, 4 лавҳаи иттилоърасонӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 12 маркази хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 5 меҳмонхона ва 2 ширкати сайёҳӣ дар хизмати сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор доранд.

Дар ҳудуди ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ мавзеъҳои сайёҳии таъсисёфта зиёдтар шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 19, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад