Дар 30 дарёи Чин дар тамоми давраи мушоҳидаҳо обхезиҳои шадидтарин ба амал омаданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисмати қитъавии Чин, сарфи назар аз анҷомёбии давраи муҳими пешгирии обхезӣ- аз нимаи моҳи июл то нимаи моҳи август давраи обхезии шадид идома дорад. Дар айни замон хатари ҷиддии офатҳои дубора, ки дар натиҷаи боронҳои сахт ва тӯфонҳо ба амал омадаанд, вуҷуд дорад. Дар ин хусус муовини вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Баоен изҳор дошт, хабар медиҳад агентии Kazinform.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз моҳи июли имсол боронҳои шадид ва обхезӣ ба шимол ва ҷануби Чин таъсир расониданд, ки дар натиҷа шумораи дарёҳо афзоиш ёфта, сатҳи обашон нисбат ба соли 2023 аз сатҳи хатарнок баландтар гардидааст. Дар ҳамин ҳол дар 30 дарё дар тамоми давраи мушоҳидаҳо обхезиҳои шадидтарин ба амал омаданд.
Тавре агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, баъди он ки бар асари тӯфони «Гаэми» дар шаҳри Тзисин дар музофоти Ҳунан (Чини Марказӣ) бориши шадид ба амал омад, 50 нафар ҳалок ва 15 нафари дигар бедарак шуданд.
Тзисин аз охири моҳи июл инҷониб зери борони шадид қарор гирифтааст, ки он боиси обхезӣ ва ярчфароии шадид гардид. Дар айни замон корҳои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозӣ идома доранд.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин менависанд, дар мавсими обхезии имсола зери таъсири тӯфони «Гаэми» бориш зиёд ва бештар аз муқаррарӣ ба назар расид. Дар мамлакат 183 миллиметр борон сабт шудааст, ки аз нишондиҳандаҳои миёнаи солона 10 фоиз зиёд аст.
Қаблан хабар расида буд, ки дар музофотҳои Чин низоми вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ фаъол шуда, чораҳои дахлдор дида шудаанд, аз ҷумла дар пайи тӯфони «Гаэми», ки имсол бори сеюм рух медиҳад, аҳолӣ кӯчонида шуд.
АКС: Синхуа








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






