Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон беш аз 700 донишҷӯ ба тариқи квота таҳсил менамояд

Август 11, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар маҷмуъ 760  донишҷӯ ба тариқи квота таҳсил мекунад, ки ҳамаи онҳо аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошанд. Дар ин хусус 7 август ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Теъдоди донишҷӯён дар донишгоҳ 12 734 нафар буда, бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ 1543  нафар, дар якҷоягӣ 14 277 нафарро ташкил медиҳад.

Дар донишгоҳ 1776 муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати ҷаҳон, аз ҷумла аз Ҳиндустон, Финландия, Руанда, Зимбабве, Афғонистон ва Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки имсол донишгоҳро 2022 нафар хатм намуданд, ки 1708 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 314 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 11 давлати дунё мебошанд.

 АКС аз бойгонӣ

Август 11, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид