Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа аъзои шуро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд.
Дар доираи ҷаласа баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар назар аст.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин шуро ҳамчун нозир иштирок намуда, шуруъ аз соли 2021- баъд аз гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ узви комилҳуқуқи шуро интихоб гардид.
Ҷаласаи VIII Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия 4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар асоси қарори ин ҷаласа Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шуд.
Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шуро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






