Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш баргузор мешавад

Август 17, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) дар майдони шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоишоҳ ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баргузории барнома барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, мусоидат ба амалишавии ҳадафҳои стратегии соҳа, огоҳонидани доираҳои васеи ҷомеа вобаста ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёти миллӣ ва саҳми сокинони мамлакат дар раванди рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва қадрдонӣ намудани саҳми барҷастаи шахсони алоҳида, ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи ҷашну анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва тақвияти ҳамкории субъектҳои соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон намудааст, ки дар ин рӯз ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин роҳбалад» ва «Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ» бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи васеи имконияти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷӣ  гузаронида мешавад.

Дар озмун дар ҳар номинатсия 3 ҷой муайян карда шудааст, ки ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо «Сипоснома» қадрдонӣ мегарданд.

Дар озмун ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, роҳбаладон, рӯзноманигорон, коршиносон, инчунин нафароне, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро то 10 сентябр ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

АКС: АМИТ«Ховар»

Август 17, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ