Дар Душанбе конференсияи олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд

Август 20, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 август дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода оғоз намуда, гуфт, ки «дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани конференсияи олимон ва зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон далели нақши муҳими ҳамкории олимони ду давлат аст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлол илму маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Ҳамин аст, ки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён қувваи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат мебошанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи ҳамкорӣ доранд».

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев таъкид дошт, ки баргузории конференсияи сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи илм, муттаҳид сохтани неруи илмии олимони Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажуҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа равона шудааст.


Дар конференсия олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон доир ба мавзуъҳои илмию таҳқиқотӣ маъруза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 19 август пеш аз оғози конференсия ҳайати олимону зиёиёни Қазоқистон бо намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуда, барои рушди ҳамкории илмӣ дар зинаҳои гуногун андешаҳояшонро баён доштанд.

Инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев  мулоқот намуд. Ҷонибҳо доир ба рушди дурнамои ҳамкории академияҳои илмҳо ибрози андеша намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 20, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид