Дар Душанбе омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омодакунии мутахассисони дорои таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷ ва талаботи корфармоён» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, пайваста барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешанд. Дар ин замина барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҳоло дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба кадрҳои коргарии соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, сайёҳию хизматрасонӣ хеле зиёд буда, таъмини ин соҳаҳо бо кадрҳо вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор меравад.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ самту ихтисосҳоеро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омода карда мешаванд, муаррифӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки бо мақсади беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар айни замон дар назди кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода мегарданд.
«Тибқи таҳлилҳо, дар 5 соли охир ҳамагӣ 13 дарсад хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ҷойи кор таъмин гаштаанд. Ҳарчанд ҳамкорӣ байни идораву корхонаҳои гуногун бо хатмкунандагони муассисаҳои мо бад нест, масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз мушкилоти асосӣ буда, ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристем. Дар ин самт мушкилоти ҳалталаб зиёд ҳастанд. Кумита тадбирҳои мушаххас андешида, робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, вазъи бо кор таъмин кардани хатмкунандагонро беҳтар менамояд», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.



Иброз гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то имрӯз бо беш аз 15 ташкилоту муассисаи байналмилалӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамкорӣ намуда, бо як қисми онҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.
Таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст бо намояндагони асосии тиҷорат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории устувор барқарор намуда, рушди малакаҳои ба бозор мувофиқро барои қонеъ кардани талаботи бозори меҳнат ба барномаҳои таълимӣ ворид намуда, ҳамин тариқ мувофиқати амалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилро таъмин намоянд. Кумита талош менамояд барномаҳои таълимӣ ва машғулиятро тавассути амалӣ намудани технологияҳои нав ва усулҳои пешрафтаи омӯзиш такмил дода, имконияти бо кор таъмин шудани хатмкунандагонро афзоиш диҳад. Ҳамзамон пайваста маъракаҳои тарғиботӣ, иттилоотӣ ва маърифатӣ амалӣ менамояд, то ҷомеа аҳамияти таҳсили касбиро барои рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон беҳтар дарк намояд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ихтисосу касбҳоро муаррифӣ намуда, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷӣ талаботи худро ба роҳбарони муассисаҳо барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб иброз доштанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард






