Дар Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд

Август 15, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки то 27 август идома ёфта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Дар ин давр 1121 довталаб иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирии ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Имсол ба Нимзомномаи озмун тағйирот ворид гардид. Яъне, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз фаъолтарин бахшҳои озмун ба шумор рафта, довталабон асосан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба ин хотир, барои бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон ин номинатсия ба 3 гурӯҳ ҷудо гардид:

«— гурӯҳи якум хонандагони синфҳои 1-4;

— гурӯҳи дуюм хонандагони синфҳои 5-8;

— гурӯҳи сеюм хонандагони синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва
синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касбӣ».

Ҳадафи асосии баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 15, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад