Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 август дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ ва таҳияи осори хаттӣ дар замони истиқлол» машварати илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Директори Маркази мероси хаттӣ доир ба дастовардҳои марказ, масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, тармим, тавсиф ва таҳияи феҳристи мероси хаттӣ сухан намуд. Иброз гардид, ки намунаи корҳои бузурге, ки аз ҷониби мутахассисони марказ чӣ дар даврони истиқлол ва чӣ то замони истиқлол дар заминаи таҳияи мероси хаттӣ анҷом дода шудаанд, аз ҷумла матни «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Қонуни тиб»-и Абуалӣ Сино, «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ ва ғайра мебошанд.
Дар ҳамоиш таҳти унвони «Дастовардҳои Маркази нигаҳдории осори хаттӣ дар замони истиқлол», «Тавсифи осори хаттӣ дар замони истиқлол» ва «Аҳамияти ҷамъоварӣ ва ҳифзи осори хаттӣ дар даврони истиқлол» маърузаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ганҷинаи марказ 1100 нусхаи дастнавис ва 1300 нусхаи чопи сангӣ ворид карда шуда, ҷилдҳои 7-10-и Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






