Дар назди Институти зоология ва паразитология озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуд

Август 1, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  Академияи миллии илмҳо хабар доданд, озмоишгоҳ  бо асбобу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, яке аз таҷҳизоти замонавии он таҷҳизоти таҳлили иммуноферментӣ (ЭЛАЙЗА) ба шумор меравад. Он барои муайян намудани якчанд бемориҳои хавфноки зоопаразитӣ, аз қабили трихинеллёз, эхинококкоз, трипоносомоз, токсокароз ва описторохоз истифода бурда мешавад. Ҳамзамон беш аз 30 номгӯй лавозимоти лабораторӣ, таҷҳизоти гуногуни замонавӣ барои таҳқиқоти биологӣ ва паразитологӣ насб карда шудаанд.

Таъсиси озмоишгоҳи нав имконият медиҳад, ки институт бо якчанд муассисаҳои давлатӣ, байналмиллалӣ ва ташкилоту корхонаҳои хусусӣ ҳамкорӣ намуда, фаъолияташро барои рушди илм ва таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ бо дигар муассисаҳо дар ҳамоҳангӣ вусъат бахшад.


Бояд гуфт, ки таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқавории мамлакат аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, махсусан масъалаи ташхис ва сари вақт ошкор намудани бемориҳои хавфноки зоонозӣ, ки манбаи табиии нигоҳдоранда ва паҳнкунандаи онҳо ҳайвонот ба шумор рафта, боиси сироят ёфтани одамон мешаванд, аз муҳимтарин масъалаҳои илми паразитология ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки бо назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин нишони таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушд ва инкишофи устувори ҷумҳурӣ мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 1, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд