Дар ноҳияи Спитамен роҳи пойгоҳи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа мумфарш карда мешавад

Август 8, 2024 16:50

СУҒД, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен мумфаршкунии роҳи пойгоҳи  Нов-Саидқурғон-Оқтеппа оғоз гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон ба мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар иҷрои ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст назаррас аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи истгоҳи  Нов-Саидқурғон-Оқтеппа  3,7 км буда, 2,5 километри он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 1,2 километри он бо саҳми сокинону соҳибкорон мумфарш карда мешавад. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Ваҳдат-2018» мебошад.

Дар ноҳия дар шашмоҳаи якуми имсол 1 ҳазору 6 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 километр таъмири асосӣ, 364,8 километр таъмири ҷорӣ ва 528,9 километр шағалпӯш гардида, мумфаршсозиву таъмири роҳҳо идома дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Август 8, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд