Дар Ню-Йорк муколамаи интерактивии сатҳи баланд оид ба энергияи устувор баргузор шуд

Август 28, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Шурои иҷроияи Барномаи рушди СММ/Хазинаи нуфуси СММ/Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонии лоиҳаҳо дар муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетикаи устувор барои рушд иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон аз дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар пешбурди ташаббусҳои энергияи «сабз»-и Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба идомаи ҳамкории минбаъда барои таҳкими нақши бахши хусусӣ дар пешбурди технологияҳои «сабз» даъват намуд.

Ҷонибек Ҳикмат инчунин аҳамияти тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузории «сабз»-ро таъкид намуда, аз дигар кишварҳо табодули таҷрибаи пешқадамро оид ба маблағгузории лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда дархост намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Август 28, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд