Дар Сеул китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» бо забони кореягӣ нашр гардид

Август 26, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ба забони кореягӣ тарҷума ва нашр гардид, баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул хабар медиҳад.

Дар рӯнамоии китоб намояндагони мақомоти фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи воқеии таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созгор муҳайё сохта, ба марҳалаи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт.

Бояд таъкид намуд, ки ки китоби мазкур бо мусоидати Ассотсиатсияи дӯстии байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷамъияти сахомии кушодаи “Ориёнбонк” ба нашр расидааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул

Август 26, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна