Дар Суғд 60 иншооти соҳаи маориф бо 11 ҳазору 35 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд

Август 21, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 21.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ва дар ҳафт моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 60 иншооти соҳаи маориф бо 11 ҳазору 35 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар вилоят 952 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли таҳсили 2022-2023 6 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад.

Инчунин дар соли таҳсили 2023-2024 дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии зиёда аз 65 ҳазору 77 нафар донишҷӯ фаъолият дорад, ки дар онҳо 3 ҳазору 731 нафар устод аз рӯи 544 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа маблағгузориро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 дарсад зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқи ин гуфтаҳо аст.

Омӯзгорони мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ рисолати таърихиро сарбаландона идома дода, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо мегузоранд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 21, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд