Дар Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август бахшида ба 30-солагии Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо иштироки кормандон ва собиқадорони соҳа ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, ҳайати шахсӣ, наҷотдиҳандагон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати 30-солагии рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ табрик намуд.
Низоми ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар вилоят Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба зимма дошта, раёсатро дар давраҳои гуногун афсарони кордону пуртаҷриба роҳбарӣ намудаанд. Ҳайати шахсии Раёсат аз ҳисоби афсарон ва хизматчиёни ҳарбии касбӣ пурра гардонида шудааст.
Дар муддати 30 сол сохтори кумита бо мутахассисон ва заминаи техникии қавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани ҳама гуна амалиёти наҷотдиҳӣ имконият фароҳам оварда шуд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд давоми фаъолияти 30-сола дар корҳои бартарафсозии оқибатҳои садамаҳо ва офатҳои табиӣ фаъолона ва бо маҳорати баланди касбӣ саҳм гузоштаанд. Кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода барои омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар доираи шартномаҳои байнидавлатӣ ба хориҷи мамлакат мунтазам равон карда мешаванд.


Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва иҷрои фармону қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода якчанд техника харида шуд. Ин ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода имкон медиҳад, ки дар самти пешгирӣ, коҳиш ва рафъи ҳолатҳои фавқулода босамар фаъолият намояд.
Ҳайати шахсии кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо ҳисси баланди масъулият ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта, дар лаҳзаҳои мушкилтарин ба кумаку наҷоти мардум мешитобанд ва мардум низ ба онҳо эътимоди комил доранд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1994 инҷониб дар мамлакат 17 август Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ муқаррар шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






