«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд то 25 август идома меёбад

Август 20, 2024 17:05

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 август дар вилояти Суғд даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар он 1330 довталаб аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср иштирок менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, 19 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории озмун дар шаҳри Бӯстон шинос гардид. Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳо- баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст, ки минбаъд барои рушд ва шукуфоии Ватан хизмат намоянд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳайати ҳакамонро даъват намуд, ки зимни санҷиши дониш, маҳорат ва истеъдоди довталабон ба хатогӣ роҳ надиҳанд ва бо довталабон муомилаи хуш намуда, то ба охир онҳоро шунаванд ва дар кадом сатҳ омода будани онҳоро муайян намоянд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳар баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳад. Дар озмун танҳо онҳое бояд ғолиб оянд, ки воқеан ҳам дониши баланду ҷаҳонбинии васеъ дошта, аз баҳри дурру гавҳари илми маонӣ бештар бархурдор бошанд. Танҳо таъмини адолат метавонад барои такмили маҳорат ва дониши довталабон заминаи мусоид фароҳам оварад.

Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Суғд то 25 август идома меёбад

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Август 20, 2024 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид