«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Бо сокинони шаҳри Бӯстон дар ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд

Август 28, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он, хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди хештаншиносу худогоҳ мебошад. Ин матлаб зимни ҳамоиш дар шаҳри Бӯстон дар мавзуи «Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ» баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Вохӯрӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омодагиҳои сазовор ба таҷлили ҷашни умумимиллии 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир гардид.

Дар мулоқот мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода иброз дошт, ки дастовардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро истиқлолият ҳамчун шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар давлатҳои олам шинохта шудааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам доир ба худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстии сокинон, ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат маъруза намуда, ҳамзамон ба китобхонаи шаҳри Бӯстон якчанд номгӯй адабиёти тозанашр тақдим кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Август 28, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид