«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Худшиносии миллӣ — ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок, марзу бум, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст, — иброз шуд зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон, ки дар мавзуи «Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта сабаб мегардад».
Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ ва кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагӣ дорад.
Таъкид гардид, ки ҳар фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо худшиносиву истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






