Хусусияти иҷтимоии Буҷети давлатии Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст

Август 10, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хароҷоти буҷети давлатӣ имсол дар доираи нақшаи пешбинигардида ва иҷрои воқеии даромадҳои буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии мамлакат беш аз 20,0 миллиард сомонӣ равона гардид.

Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ 9 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар ин давра ба соҳаҳои маориф ва илм 3,7 миллиард сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,6 миллиард сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 2,5 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,7 миллиард сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,2 миллиард сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,1 миллиард сомонӣ, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 миллиард сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 906,9 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 387,5 миллион сомонӣ, сохтмон ва саноат 97,2 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Юсуф Маҷидӣ зимни тавзеҳи масъалаи идоракунии хароҷоти Буҷети давлатӣ иброз дошт, ки дар ин давра хусусияти иҷтимоии буҷет нигоҳ дошта шуда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ бо назардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,9 миллиард сомонӣ равона гардид, ки он 49,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил менамояд.

Аз ҷумла, барои музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷетӣ 4,9 миллиард сомонӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти нафақа 2,0 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 366,8 миллион сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 196,3 миллион сомонӣ ва идрорпулӣ 69,3 миллион сомонӣ пардохт карда шуд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи мамлакат беш аз 156 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи мамлакат беш аз 87 миллион сомонӣ ва узвияти ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ зиёда аз 50 миллион сомонӣ пардохт гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд