Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 доир мегардад.
Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соати 08:00 ва дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ соати 08:00 барпо мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






