ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард

Август 30, 2024 13:26

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, рушди иқтисодӣ ва такомули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ устуворона қадам мегузорад. 9 сентябри соли 1991 мардуми Тоҷикистон волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллат — истиқлолиятро соҳиб гардид, ки ҳоло мо 33-солагии онро ба таври шоиставу сазовор истиқбол мегирем. Ин неъмати бузург ба мо — тоҷикон нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ, осоиштагиву оромӣ ва ниҳоят сулҳу ваҳдати миллӣ овард.

Чунин ибрози назар намудааст муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Баҳромҷон Аҳмадзода.

— Мо имрӯз ифтихор дорем, ки сию се сол қабл нахустин хиштҳои  пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро ниҳодем ва аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар арзишу муқаддасот гардидем. Вале ин ҳама  ба осонӣ ба даст наомада, бо душворӣ ва заҳматҳои сангин насибамон гардид.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаву барӯманди халқи тоҷик, шахсияти таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ривоҷу равнақ ёфт, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанду ҳифзи марзи Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.

Ваҳдати миллӣ якбора не, балки давра ба давра ба даст омад. 6 вохӯрии сарони давлатҳо ва 21 маротиба музокирот анҷом ёфтанд, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ дили даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки ватан карда буданд, ба зиндагӣ гарм намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистонро пурра аз нав сохтанд ва миллатро аз парешониву нобудшавӣ наҷот доданд. Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд. Ваҳдати деринтизору тақдирсози мо — рӯзи аз парешонӣ ба сарҷамъӣ, аз ҷудоӣ ба васлу иттиҳод, аз туҳмату адовати тангназарона ба рафоқату муҳаббат, аз гиряи талхи модарон ба ашки шодию шукргузории онҳо расидан фаро расид. Ин ҳама бо шарофати ақлу заковати сулҳҷӯёнаи миллати мо ва талошҳои ҷоннисоронаю хиради дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Маҳз ваҳдату якдигарфаҳмӣ аст, ки Тоҷикистон истиқлолияти воқеиро соҳиб гардидааст, ки меъмори асосии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аксари сиёсатшиносони ватанӣ ва хориҷӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  давлатдори асил, сиёсатмадори тавонову борикбин ва тарроҳи ҳадафҳои бузург ва ташаббускори дурандеш донистаанд.

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқтидору инкишоф ва ривоҷу равнақи мамлакат садоқати бепоёну муҳаббати бардавом ва кӯшиши беандозаи тамомро ба харҷ медиҳанд. Бо шарофати заҳматҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат фазои устувори сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд. Вазъи макроиқтисодӣ ба эътидол оварда шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод. Шуруъ аз соли 2000 марҳилаи сифатан нави эҳёи иқтисодии мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба пешрафт овард, сатҳу сифати ҳаёт дар мамлакат беҳтар шуд ва соҳаҳои хоҷагии халқ рушди бемайлон касб карданд.

Бо мақсади ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ Пешвои миллат сиёсати дарҳои боз ва рушди ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монданд, чунки Тоҷикистони мо пораи ҷудонашавандаи ҷаҳони кунунӣ буда, ба ҳастии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании оламиёни сайёра бевосита иртибот дорад.

Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон дақиқназарона мегӯянд, ки «мо бояд ба равандҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза ба амал меоянд ва баъзан чун зилзилае ин ё он гӯшаи сайёраро такон медиҳанд, баҳои муносиб бидиҳем ва роҳи дурустро интихоб карда тавонем». Ин андеша воқеан дар ҷаҳони имрӯза хеле муҳим мебошад. Зеро мамлакати мо аз нигоҳи ҷойгоҳи ҷуғрофӣ ва геополитикӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсиву идеологӣ қарор дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эълони сиёсати «дарҳои боз» равобити байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии  мамлакат оғоз намуданд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам муваффақона идома дорад.

Бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам сиёсати дарҳои кушода беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷӣ аст. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии  Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа низ мантиқи сиёсати дарҳои кушодаро эътироф мекунанду қобили пайравӣ медонанд. Маҳз ҳамин сиёсат сабаб шуд, то мамлакати мо на танҳо мавқеяшро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатия дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об ва таҳкими сулҳу ваҳдат мақоми Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд ва мустаҳкам намуданд. Дар натиҷа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 150 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монда шуданд.

Дастоварди бузургтарини мо давоми 33 соли истиқлолияти давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Яке аз самтҳои дигари муҳими таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад. Бо дарки он ки дар ҷумҳурӣ иқтидори истеҳсоли қувваи барқ мавҷуд аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалисозии тарҳҳои муҳим дар соҳаи энергетика шуруъ намуд, ки муҳимтарини онҳо сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Роғун” ва садҳо неругоҳи хурди барқи обӣ мебошад. Дар ин давра интиқоли хати баландшиддати Ҷануб-Шимол амалӣ карда шуд.

Ҳукумати мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои стратегӣ қарор дода, нақши соҳаи нақлиётро дар рушди савдои дохилӣ ва хориҷӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор додааст. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ якчанд  иншооти роҳдорӣ, аз ҷумла роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум (Шоҳон-Зиғар ва Шкев-Зиғар), Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак, роҳҳои автомобилгарди Душанбе -Чанок, Ваҳдат-Ҷиргатол-Саритош (сарҳади Қирғизистон), Айнӣ-Панҷакент ва Душанбе-Турсунзода  бунёд ва навсозӣ шуданд. Чунин иқдоми Пешвои миллат сабаб гардид, ки Тоҷикистон ба қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин шавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳар миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Давлат ва халқи Тоҷикистон Пешвои худро аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо карданд. Президенти Тоҷикистон ба сӯйи рушди устувор диди сифатан нав дошта, барои амалишавии он  ҳадафҳои сифатан навро пешгирӣ менамоянд. Барои давраи то соли 2030 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди мамлакатро самтҳои афзалиятнок шуморидаанд. Дар ин замина нақшаҳои нав дар шакли Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои рушди кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат барои расидан ба ҳадафҳои рушд ба миён омаданд, ки густариши инкишофи босуръати минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар назар дорад.

Тоҷикистон давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо ноил шудан ба комёбиҳои ҳаётан муҳим вориди сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ гардид, ки нишонаи файзу баракати соҳибдавлатӣ аст. Муҳимтарин масъалаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сию се сол дар мадди аввал қарор дод, ин чор ҳадафи асосии стратегӣ- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини мардум бо маводи ғизоӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани давлат ва саноатикунонии босуръати мамлакат буд, ки хушбахтона, давра ба давра ва мувофиқи барномаҳои муайянкардашуда анҷом меёбанд.

Дар раванди таҳкими ваҳдат саҳми низоми маориф хеле назаррас аст, зеро маҳз тавассути он мақому арзиши ин падида дар зершуури аъзои ҷомеа ҷойгир карда мешавад ва рафтори онҳо ба самти созандагию ифтихори миллӣ равона мегардад. Бинобар ҳамин мусоидат ба пешрафти ин соҳа ҳамеша дар мадди назари ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки бояд дар давраи кунунии давлатдорӣ баҳри таҳкими вахдати миллӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсии насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад, зеро бе илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинии кофӣ ба қадри неъмати бебаҳои ваҳдату якпорчагӣ расидан номумкин аст.

Ҳамин тавр, агар бо арзи эҳтироми баланд, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дилхоҳ соҳаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро бо давраи то соҳибистиқлолӣ муқоиса намоем, дар давраи 33 соли истиқлолияти давлатӣ баръало бартарӣ дида мешавад. Корҳои созандагию бунёдӣ дар тамоми минтақаҳои Ватани азизамон-Тоҷикистон дар авҷи аъло буда, дар ин давра иншооти азим, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, биноҳои таъйиноти маориф ва илм, шоҳроҳу пулҳо ва нақбҳои  ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, ҳамзамон зиёда аз 3450 муассисаи нави таълимӣ барои якуним миллион хонанда, бештар аз 2830 муассисаву иншооти тандурустӣ, зиёда аз 2500 корхонаи истеҳсолӣ ва 2800 корхонаи саноатӣ, ҳазорҳо биноҳои фарҳангӣ, садҳо неругоҳҳои барқӣ бо истеҳсоли солонаи 21 миллиард киловатт-соат, 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, садҳо нақбу пул ва долонҳо, миллионҳо метри мукааб биноҳои истиқоматӣ ва ҳазорҳо иншооти фароғатию истироҳатӣ ба истифода дода шуданд.

Имрӯз бо шарофату нусрати Истиқлоли давлатӣ парчами Ватани азизи мо-Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои  сатҳи ҷаҳонӣ ва хосатан варзишӣ ҳамчун инъикоскунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон мебошад. Ҳамзамон дар фазои орому осуда ва сулҳу дӯстӣ кору зиндагӣ мекунем ва бояд аз ин неъмати бебаҳо шукргузор бошему ба қадри он бирасем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ дар баланд бардоштани сатҳи таълим ва ба меъёрҳои дунявӣ наздиккунии он, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ, тарбияи мутахассисон дар руҳияи садоқату ватанпарварӣ, арзишҳои аҷдодию умумибашарӣ ва ҳувияти миллӣ неруи зеҳнию ҷисмонии худро дареғ намедорад.

33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон фархунда бод!

Баҳромҷон АҲМАДЗОДА,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд