Мақолаи олими тоҷик дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф» дар Испания сазовори ҷойи дуюм гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олим ва ҳуқуқшиноси тоҷик Сиёвуш Наботзода дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф» иштирок карда, ба гирифтани ҷойи 2 ва Диплом мушарраф шуд. Маросими супурдани Диплом ба ғолибон дар шаҳри Ослои Норвегия ва Мадриди Испания доир шуд ва олими тоҷик дар он тариқи фосилавӣ иштирок карда, қадрдонӣ гардид.
Тавре олими ҷавони тоҷик дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ӯ дар ин озмун бо мақола дар мавзуъҳои «Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шароити пандемия» ва «Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» иштирок карда, дар байни намояндагони 19 давлат сазовори ҷоиза шуд.
Дар таҳқиқоти олими ҷавони тоҷик масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ дар шароити пандемияи СОVID-19 ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамчунин масъалаи мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар шароити пандемияи СОVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Олими ҷавони тоҷик хатмкардаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2010 то 2011 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор карда, сипас солҳои 2011 – 2013 барои идомаи таҳсил ба зинаи магистратураи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҷамъияти матлуботи Федератсияи Русия дохил шудааст. Баъди хатми ин зинаи таҳсил ҳамчун муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ, декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқ кор кардааст.
Соли 2021 баъди се соли таҳсил дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси ҳуқуқ рисолаи докторӣ (доктор-PhD)-иро дар мавзуи “Реҷаи ҳуқуқии молу мулки соҳибкори инифиродӣ” ҳимоя намудааст. Ҳоло директори Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори ҳуқуқ ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсиони Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон аст.
Ӯ муаллифи 22 монографияву адабиёти илмию таълимӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ буда, дар чандин ҳамоишҳои илмӣ сухан кардааст. Аз ҷумла, Сиёвуш Наботзода соли 2017 монографияашро бо номи «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ» дар нашриёти «Империал-Групп» аз чоп баровард. Ин рисола ба таҳлили пайдоиши ниҳоди президентӣ ва умдатарин масъалаҳои ин ниҳод дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ ва ватанӣ бахшида шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






