Маблағи грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд

Август 6, 2024 10:01

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар то соли 2023 маблағи грантҳои президентӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медод, соли 2024 ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин хусус 5 август дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

«Имсол 396 зани соҳибкор барои дарёфти гранти президентӣ лоиҳа пешниҳод кард, ки 120 лоиҳаи мақсаднок дастгирӣ ёфта, ҳоло мавриди баррасии комиссияи грантӣ қарор дорад»,-иброз дошт муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода.

Дар нишаст гуфта шуд, ки шумораи занони соҳибкор сол то сол зиёд мешавад. Онҳо фаъолияти соҳибкориашонро аз заминҳои наздиҳавлигӣ шуруъ карда, имрӯз соҳиби хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна мебошанд.

Дар асоси таҳлилҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат, роҳбарони аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ занон ҳастанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ сол то сол шумораи лоиҳа ва маблағҳои грантҳои президентӣ зиёд мегардад.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 6, 2024 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд