Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни дуюми тақсимоти такрории довталабонро эълон намуд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 19.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 иштирок кардаанд, эълон намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ.
Барои эълони натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон аз хизматрасонии ирсоли паёмакҳо ва кабинетҳои инфиродии довталабон истифода карда шуд. Вобаста ба ин дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 12 то 15 август аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд. Инчунин маълумоти муфассал дар ин хусус, аз ҷумла балли умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва балли гузариш дар доираи ҳар комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар довталаб ҷойгир карда шуд.
Ёдрас менамоем, ки бо мақсади шинос шудан бо натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ довталаби барои иштирок дар ин озмун аз нав номнависшуда бояд аз кабинети инфиродии нав истифода кунад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш сабт шудааст, истифода намояд. Кабинетҳои инфиродии нави довталабон 19 август фаъол карда шудааст.
Дар кабинети инфиродии довталаб балли гузариш танҳо барои як ихтисоси интихобкардааш, ки тибқи натиҷаҳои озмун аз рӯйи он комёб шудааст ва (ё) он ихтисосҳои интихобкардааш, ки аз рӯйи онҳо комёб нашудааст, нишон дода мешавад. Вобаста ба ин агар довталаб дар озмун аз рӯйи ихтисоси дар рӯйхат 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни «Балли гузариш»-и бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин ихтисос балли гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва баллҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни «Балли гузариш» барои комбинатсияи ихтисоси мувофиқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, балли гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни «Балли гузариш» барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш балли гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва баллҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нашуда бошад, дар сутуни «Балли гузариш» балли гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.
Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода шуд:
Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, балли гузариши он ва балли бадастовардаи довталаб нишон дода мешаванд.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»









 
						
 Мутахассисони тоҷик дар чорабинии Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос иштирок намуданд
Мутахассисони тоҷик дар чорабинии Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос иштирок намуданд Дар Челябинск  бо иштироки донишҷӯёни тоҷик вобаста  ба пешгирии экстремизм  ҳамоиш  доир шуд
Дар Челябинск  бо иштироки донишҷӯёни тоҷик вобаста  ба пешгирии экстремизм  ҳамоиш  доир шуд Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Италия ҳамкориро густариш медиҳад
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Италия ҳамкориро густариш медиҳад Маркази миллии тестӣ даври чоруми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2025 оғоз намуд
Маркази миллии тестӣ даври чоруми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2025 оғоз намуд Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Чин соҳиби Ҷоизаи аъло гардид
Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Чин соҳиби Ҷоизаи аъло гардид «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 27 октябр маросими қадрдонии ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии озмун доир  мешавад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 27 октябр маросими қадрдонии ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии озмун доир  мешавад Масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба интернет баррасӣ шуд
Масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба интернет баррасӣ шуд Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 148 медал гардиданд
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 148 медал гардиданд 72 оилаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара  бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд
72 оилаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара  бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯёни варзишгар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯёни варзишгар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» таъсис дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» таъсис дода шуд 
									 
									 
									 
									 
									





