Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо омодагии муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ба соли нави таҳсил шинос шуд

Август 20, 2024 09:07

 ДУШАНБЕ, 20.082024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Бӯстон бо вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар литсейи №1 ва мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бо вазъи омодагии муассисаҳо ба давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва ҳолати таъмиру тармим шинос гардида, бо омӯзгорону тарбиятгирандагони мактаб-интернат суҳбат намуд.

Ҳамчунин дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон идома дорад, иштирок намуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Август 20, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд