Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари нави Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ дар бораи офатҳои табиии дар мамлакат рухдода, корҳои анҷомёфта баҳри рафъи оқибатҳои онҳо ва кумакҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии зарардида расонида маълумот дода шуд.
Ҳамчунин масъалаи оғози корҳои таъмиру навсозии биноҳои воқеъ дар ҳудуди Хадамоти зидди жола, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, баррасӣ гардид. Маркази бунёдшаванда барои ҷойгиркунии муваққатии қурбониёни офатҳои табиӣ ва гузаронидани машқҳо истифода мешавад.
Дар фарҷом ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон имкон медиҳанд, ки дар оянда ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ муқовимати босамар нишон дода шавад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






