НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо дахолати прокуророн 142 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт шуд

Август 9, 2024 14:03

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дошта, барои гузаронидани санҷишҳои беасос, дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, ғайриқонунӣ аз онҳо ситонидани маблағ ва дигар қонуншиканиҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 180 шахси мансабдор ба ҷавобгарии гуногун кашида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ вобаста ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 4 412 санҷиш гузаронида шуда, 2 535 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 41 300 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуданд. Ҳуқуқу манфиатҳои 115 600 нафар барқарор гардид.

Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 670 (124-то нисбат ба мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 83 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида ва 2, 5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор шуд.

Ба 997 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуд.

Вобаста ба риояи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 296 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

4440 қонунвайронкунии ҳифзи меҳнат ошкор ва 70 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 2700 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуданд. Бо дахолати прокуророн 142 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт карда шуд.

Оид ба ҳифзи муҳити зист 120 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 1733 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Барои вайрон кардани танзими ҷашну маросим 1100 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсили ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва тадбирандешӣ карда шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2024 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид