НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон омилҳои асосии барҳамхӯрии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шарҳ дода шуд

Август 8, 2024 17:46

ДУШАНБЕ, 08.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар Вазораи адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, фаъолияти 53 иттиҳодияи ҷамъиятӣ қатъ гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Илҳом Маҳмудзода иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ, 53 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 11 филиалу намояндагиҳо бақайдгирии давлатии барҳамдиҳиро дар Вазорати адлияи мамлакат гузаштаанд. «Нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2023 барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кам гардидааст, зеро дар шашмоҳаи аввали соли 2023 бақайдгирии давлатии барҳамдиҳиро 224 иттиҳодияи ҷамъиятӣ гузашта буд. Имсол ин шумора ба 53 адад расидааст»,-баён дошт сардори раёсат.

Аз иттиҳодияҳои давлатие, ки дар нимсолаи аввал бақайдгирии давлатии барҳамдиҳиро гузаштаанд, фаъолияти ҳамагӣ 3 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо пешниҳоди Вазорати адлия аз тарафи суд қатъ карда шуд. Ҳамзамон фаъолияти 50 иттиҳодияи ҷамъиятии дигар бо муроҷиати худи иттиҳодияҳо барҳам дода шуд.

Илҳом Маҳмудзода омили асосии барҳамхӯрии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро фаъолият надоштан, надоштани грант ва танқисиҳои худи ташкилоти ҷамъиятӣ унвон намуд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз омилҳои асосии барҳамхурӣ- ин дар вақти гузаштани санҷиш аз тарафи кормандони Вазорати адлия ошкор кардани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти онҳо мебошад.

«Ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳои ҷиддӣ аз ҷониби кормандони вазорат дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. Агар дар вақти муайян кардани санҷиш камбудиҳои начандон ҷиддӣ ошкор гашта бошанд, фаъолияти онҳо барои қатъ намудан пешниҳод намешавад ва бо мусоидати кормандони адлия камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда мешаванд»,-афзуд Илҳом Маҳмудзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 8, 2024 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд