Олимони Қазоқистон бо дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуданд

Август 19, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимону зиёиёни Қазоқистон  таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо.

Меҳмонон бо намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуда, барои рушди ҳамкории илмӣ дар зинаҳои гуногун андешаҳояшонро баён доштанд.

Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев  мулоқот намуд.

Дар мулоқот Қобилҷон Хушвахтзода доир ба рушди дурнамои ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози андеша намуд.

Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамеша омода аст, ки  дар шароити муосир ҳамкориро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон рушду густариш диҳад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 19, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид