Олимони тоҷик дар машварати илмӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳои биологӣ иштирок намуданд

Август 15, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо ва Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар машварати илмӣ дар мавзуи «Баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳои биологӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон», ки 13 август дар Қазоқистон доир шуд, иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадафи машварат- муттаҳид намудани ҷонибҳои манфиатдор аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои муҳокимаи консепсияҳои калидӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои биологӣ, аз қабили истифодаи дуҷониба, арзёбии хатар, арзёбии амнияти киберӣ, бехатарии ҷисмонӣ ва нақлиёт ва банақшагирии ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Машварат иқтидори муассисаҳои иштироккунандаро барои риояи дастурҳои миллӣ оид ба ҳифзи маводи биологӣ, технологияҳо, инфрасохтор ва маълумоти таҳқиқотии онҳо тақвият медиҳад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 15, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст