Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот (рекламаҳо) вобаста ба таъмини ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир зиёд гардидаанд.
Тавре дар маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин таблиғот (рекламаҳо) ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, дорои пайомадҳои манфӣ, инчунин боиси ба шаҳрвандон расонидани зарари молу мулкӣ ба миқдори калон мегарданд.
Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.
АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






