РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Имсол варзишгарони вилояти Хатлон соҳиби 522 медали тилло шуданд

Август 10, 2024 10:45

 ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи имсол  варзишгарони вилояти Хатлон дар 95 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 522 медали тилло, 441 медали нуқра, 536 медали биринҷӣ шуданд. Ҳамзамон дар 19 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 18 медали тилло, 17 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус 9 август зимни баргузории ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иттилоъ дода шуд.

Дар вилояти Хатлон барои фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ 4127 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки инҳо 37 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3196 майдончаи варзишӣ, 574 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои тамрини наврасону ҷавонон ва дигар табақаи ҷомеа дар вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 261 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 61-тои он мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳо идома доранд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз намуд, ки Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ба даврае рост омадааст, ки парчамбардорони мамлакат дар баробари варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи 33-юми Олимпиадаи Париж-2024 аз намудҳои гӯштини ҷудо,тарзи озод, бокс, варзиши сабук, таэквандо, шиноварӣ иштирок карда, бо майдондорӣ ва ба даст овардани  медалҳои биринҷӣ Парчами мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ғолибони мусобиқаи варзишии Ҷоми Раиси вилояти Хатлон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 10, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад