Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд

Август 20, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии рейтингии S&P Global Ratings рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B-» то «B» бо дурнамои  «устувор» аз сабаби беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ баланд бардошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба болоравии рейтинг омилҳои рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд ҷумҳурии мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиши фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ дар солҳои охир, интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ доир ба таъйини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии мамлакат фаъолият анҷом медиҳад. Рейтинг соле як бор дода мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 агентии рейтингии S&P Global Ratings ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги «B-/В»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор дониста буд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 20, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд