Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Глобал Инвест» оғози расмӣ бахшиданд

Август 30, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Глобал Инвест» оғози расмӣ бахшиданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи «Равғани олии Норак», мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Норак беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.

Хатҳои истеҳсолии корхона таҷҳизоти насли нави давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, фаъолияти онҳо бо истифода аз ангишт сурат мегирад.

Ашёи хом, яъне офтобпараст барои коркард ва истеҳсоли ин маводи ғизоӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад ва барои дар шароити хуб нигоҳ доштани он 4 зарфи махсус, ҳар яке бо ғунҷоиши то 60 тонна маҳсулот дастрас ва васлу насб гардидааст.

Дар натиҷаи истифодаи ангишт фишори ҳосилшуда хатҳои истеҳсолиро ба кор медарорад.

Барои то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани маҳсулот мутахассисон онро аз чор марҳила гузаронида, дар зарфҳои махсус, ки дар маҷмуъ иқтидори ғунҷоиши то 60 тонна равғанро доранд, дар асоси талаботи муосир захира менамоянд.

Корхонаи нави саноатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат», солҳои 2022-2024 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати саҳм гузоштан дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар намуна ва арзандаи дастгирӣ маънидод карда, бунёди корхонаро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот омили муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ, дар ҳамин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли собун, ки маҳсулоти дигари ин корхона мебошад, шинос шуданд.

Истеҳсоли собун пас аз коркарди дубораи партовҳои корхонаи равғанбарорӣ бо истифода аз хатҳои нави технологӣ сурат мегирад.

Дар шаҳри Норак дар заминаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши хусусӣ бо истифода аз имконот ва иқтидорҳои фарохи мавҷуда ҳамасола корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки дар онҳо шаҳрвандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Имрӯз дар шаҳри Норак беш аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо асосан истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иқтидорҳои нави саноатӣ дар шаҳри Норак ба масъулони соҳа барои дастгирӣ аз ин гуна иқдомҳои созанда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса саноатикунонии босуръати кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак 30.08.2024

Август 30, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд