СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба такмили донишҳои ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки намояндагони масъули Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва кормандони ниҳоди аэронавигатсионии мамлакат ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия».
Тавре таъкид гардид, имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷомеаи қонунмеҳвар
талош намуда, дар остонаи ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Ҳадаф аз ин иқдом фарогирии маҷмуи масъалаҳои хеле муҳим ва саривақтӣ буда, интизор меравад, ки вобаста ба ин масоил иқдоми муассир амалӣ шаванд.
Махсусан дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, тақвияти институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.


Дар ҳамоиш кормандони масъули Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон доир ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ибрози назар намуда, муҳтавои ҳар қисми ин қонунҳоро тавзеҳ доданд.
Ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои миллӣ ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт, сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардум, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар замири фарзандон ҷой намудани руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд равона гардидааст.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






