Тақвияти ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доктор Асад Маҷид Хон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Низомиддин Зоҳидӣ ба Дабири кулли навтаъйини Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ба рушди фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ изҳор кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






