Тоҷикистон ва Қатар густаришу таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии ду давлатро муҳим арзёбӣ намуданд

Август 21, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Прокурори генералии Қатар Исо ал-Ҷуфолӣ ал-Нуаймӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни прокуратураҳои генералии ду давлат ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои марбут ба расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, табодули сафарҳои соҳавӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои судманди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина, бо назардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, атрофи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳо, роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ табодули назар қарор гирифт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд