Тоҷикистон ва Узбекистон барои таъмини аҳолии минтақа бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамкорӣ менамоянд

Август 6, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи 7- уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи маҷмуи захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи маҷмуи захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев иштирок намуданд.

Дар ҷаласа имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи об баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез барои таъмини давлатҳои минтақа бо оби тозаи ошомиданиро матраҳ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 6, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд