33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист озмуни беҳтарин маводи матбуотӣ, радиоӣ ва телевизионӣ дар мавзуи экологӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар толори Агентии обуҳавошиносӣ ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар анҷоми ҳамоиш ҳамчунин озмуни беҳтарин маводи матбуотӣ, радиоӣ ва телевизионӣ дар мавзуи экологӣ, ки аз ҷониби кумитаи мазкур эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар ҳамоиш иброз дошт, ки «Тоҷикистон дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар миёни кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаро касб намуд ва феълан ҳамчун як давлати дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи ҳифзи муҳти зист ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз ҷумла дар ин давра дар сохтори кумита Муассисаи давлатӣ «Оид ба амалигардонии Созишномаи Париж» таъсис ёфт, ки бевосита баҳри амалигардонии нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои экологӣ ва обу иқлим, инчунин паст кардани партови газҳои гулхонагӣ мусоидат менамояд».
«Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чандсолаҳо муқаддам набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббуси ҷиддӣ иқдом намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф буда наметавонист. Шуруъ аз соли 2000 ин ҷониб, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатъномаро вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам овард»,-афзуд Баҳодур Шерализода.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки амалӣ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040», рақамикунонии соҳаи ҳифзи муҳити зист, такмили стандартҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, мо, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро водор месозад, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон фаъолияти самараноки назорати давлатиро ба роҳ монем.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» дар қатори 6 давлати пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» метавонад дар қатори чоргонаи аввали давлатҳои номбаршуда қарор гирад, ки ин ҳама дастоварду музафариятҳо аз Истилоли давлатӣ сарчашма мегирад.
Сипас меҳмонон, ки собиқадорони меҳнат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ буданд, дар бораи аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ва таърихи ба дастоварии он ибрози андеша намуда, ин гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз суханрониҳо баён доштанд: «дар ҷаҳони муосир танҳо мамлакатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз намуда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд» ёдовар шуданд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон Озмуни беҳтарин маводи матбуотӣ, радиоӣ ва телевизионӣ, ки бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе» эълон гардида буд, ҷамъбаст карда шуд. Ба ғолибон ва фаъолони озмуни мазкур Диплом ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад
Дар шаҳри Бохтар бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология бунёд карда мешавад
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза мегирад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд






