33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки соҳибистиқлолӣ дар тақдири ҳар мамлакат рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, ифодагари орзуву ормонҳои миллӣ мебошад.
Истиқлолият имкон дод, ки халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас, маданияту фарҳанги оламшумул ва эъҷози сулҳофарию тамаддунпарварӣ ноил гардад.
Таъкид гардид, ки бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ҳадафу мақсади ниҳоии худ — бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда расид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадрдонӣ мешавад.
Дар ҳамоиш Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ» ба як гурӯҳ хизматчиёни низомӣ ва кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус дода шуданд.
Дар ин радиф 3 корманди Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаи махсуси навбатии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин як зумра кормандони милитсия ва собиқадорон бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад






