Абдураҳмон Аламшозода бо кормандони сафорат ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Русия мулоқот намуд

Сентябрь 26, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо кормандони сафорат, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Русия, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, инчунин намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Абдураҳмон Аламшозода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия сухан гуфт.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид намуда, ҳамватанони муқими Русия ба минбаъд таҳким бахшидани робитаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват намуд.

Абдураҳмон Аламшозода мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ кард.

Ҳамзамон доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Сентябрь 26, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд