Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда (GlobE Network), ки аз 24 то 27 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатии аъзои шабака аз зиёда аз 80 кишвар иштирок ва маъруза намуданд. Онҳо вобаста ба паҳлуҳои мухталифи муқовимати байналмилалӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия музокира анҷом доданд.
Ҷаласа дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шаванд. Ин қарорҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи ҳамкорӣ байни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои ҷаҳон муосидат намоянд.
Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои ҷаласа барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва ба роҳ мондани робита бо ниҳодҳои зиддикоррупсионии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд






