Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок кард
ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин оид ба ба мушкилоти давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар мавриди ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин зарурати таъмини маблағгузории дарозмуддат ба кишварҳои узв ҷиҳати ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ибрози андеша кард.
Инчунин, Сироҷиддин Муҳриддин дар хусуси ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла дар соли оянда ташкил намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе сухан намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






