Ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон баррасӣ шуд

Сентябрь 6, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW International) Андреас Ян ва Мудири генералии ширкати «Janser Consult GmbH» Сергей Серебранский мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, доир намудани чорабиниҳо оид ба муаррифии зарфияти иқтисодии Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро барои омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон баррасӣ намуданд.

Барои маълумот: Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон иттиҳодияи мустақиле аст, ки манфиатҳои беш аз 3,3 миллион ниҳоди соҳибкории хурду миёна дар Олмонро намояндагӣ мекунад. BVMW бо намояндагиҳои хориҷии худ дар зиёда аз 75 кишвари ҷаҳон ба соҳибкорони олмоние, ки мехоҳанд дар хориҷа тиҷорат пеш баранд, мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон

Сентябрь 6, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд